Вакилони порлумони Қирғизистон Жанар Акаев, Тозабек Икромов, Исҳоқ Масалиев, Адахон Мадумаров, Мирлан Самийкожо ва Достон Бекешев кофтукоб ва боздошти сиёсатмадорону фаъолони қирғизистониро маҳкум карданд.
Акаев ба раҳоии боздоштшудаҳо даъват кард. "Боздоштҳои имрӯзӣ ғайримантиқӣ ҳастанд, фаъолон, сиёсатмадорон ва блогерон бояд фавран озод карда шаванд. Ин дархост нест, ин талаб аст. Қонунро поймол накунед", - гуфт Акаев.
Тозабек Икромов дар Фейсбук навишт, ки "фишори сиёсӣ, кофтукобҳо ба гуфтугӯи ошкорои байни мақомот ва қисми фаъоли ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад, ба шиддат гирифтани вазъи иҷтимоиву сиёсӣ боис мешавад".
Субҳи 23-юми октябр дар манзили чанде аз фаъолон ва сиёсатмадорон бозҷӯӣ сурат гирифт, ки дар натиҷа чанде аз онҳо боздошт шуданд.