Дар СММ истифодаи дронҳои эронӣ дар ҷанги Украинаро баҳс карданд

Намунае аз дрони эронӣ дар Украина

Олмон, ИМА, Бритониёи Кабир ва Фаронса аз Созмони Милали Муттаҳид хостаанд, ки истифодаи дрон ё бесарнишинҳои эронӣ дар ҷанги Русия алайҳи Украинаро таҳқиқ кунад.

Онҳо ба ин назаранд, ки Эрон бо фурӯши бесарнишинҳои ҷангӣ ба Русия қатъномаи Шӯрои амнияти СММ дар бораи барномаи ҳастаии ин кишварро нақз мекунад.

Дар номаи ин кишварҳо гуфта мешавад, ки ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ дар ҳамла ба шаҳрҳои Украина истифода шуда, боиси кушта шудани даҳҳо ғайринизомӣ гаштаанд.

Русия, ки узви Шӯрои амнияти СММ аст, комилан мухолифи оғози таҳқиқи ин мавзӯъ аст. Василия Небензи, намояндаи Русия дар СММ гуфтааст, ки агар ин созмон ба таҳқиқ оғоз кунад, Русия муносибатҳои худро бо Шӯрои амнияти СММ бознигарӣ хоҳад кард. Ӯ истифодаи бесарнишинҳои эрониро “фейк” ё хабари дурӯғ номидааст.

Эрон ҳам додани ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Русияро рад кардааст.

Мақомоти Украина мегӯянд, Русия ба шаҳрҳои ин кишвар тариқи ҳавопаймоҳои бесарнишини “Shahed-136”, ки дар Русия онро “Герань-2” меноманд, ҳамла мекунад.