Сарвазири Ҷопон ҳушдори Русияро таҳдиди ҷиддӣ донист, вале...

Фумио Кишида

Сарвазири Ҷопон гуфт, истифодаи силоҳи ҳастаӣ аз тарафи Русия дар ҷанги Украина “амали душманона ба зидди башарият” хоҳад буд.

Фумио Кишида ҳангоми сафараш ба Австралия рӯзи 22-юми октябр гуфт, ҳушдори Русия барои истифода аз силоҳи ҳастаӣ таҳдиди ҷиддӣ ба сулҳу амнияти ҷомеаи ҷаҳонист ва пазируфтанӣ нест.

Интизор меравад, Кишида дар моҳи майи 2023 нишасти раҳбарони G7, ҳафт кишвари саноатии ҷаҳонро мизбонӣ кунад. Ҷое, ки моҳи августи соли 1945 бар асари партоби бомбаи атомӣ аз сӯи Иёлоти Муттаҳида 140 ҳазор нафар кушта шуд.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, чанд дафъа ба таври ғайримустақим дар бораи ҷобаҷоии силоҳи ҳастаии тактикӣ алайҳи Украина ҳушдор дод.