16 захмӣ дар таркиши анбори аслиҳа дар Узбекистон

Ҷои ҳодиса. Узбекистон

Бар асари таркиш дар як анбори аслиҳа ва таҷҳизоти дигари низомӣ дар Узбекистон чанд нафар захмӣ шудаанд.

Сабаби таркиш дар вилояти Сирдарё, 70-километрии ғарби Тошканд, ҳанӯз маълум нест.

Вазорати тандурустии Узбекистон гуфт, ҳодиса рӯзи 22-юми октябр рӯй дод. Ба иттилои манбаъ, 16 кас захмӣ шуда, дар бемористон ҳастанд.

Вазорати мудофиаи Узбекистон мегӯяд, чанд хона ва дӯкони атрофи анбор низ зарар дид. Тафтиши ҳодиса оғоз шудааст.