Имрон Хонро ба фурӯхтани туҳфаҳо гунаҳкор карданд

Кумисюни интихоботии Покистон рӯзи 21-уми октябр гуфт, нахуствазири пешин Имрон Хон ба сабаби инки дар давраи маъмурияташ туҳфаҳои раҳбарони кишварҳои хориҷиро ғайриқонунӣ фурӯхтааст, ба муҳлати панҷ сол аз ҳаққи иштирок дар интихобот маҳрум шуд.

Хонро инчунин ба пинҳон кардани маблағҳои бадастомада аз фурӯши баъзе тӯҳфаҳо гунаҳкор карданд. Ӯ мебоист, ҳамаи ин сарватро дар гузоришҳо сабт мекард.

Ҳукумати Покистон азхудкунии танҳо баъзе навъҳои туҳфаҳоро иҷоза медиҳад, ки аз арзиши муайяншуда гаронтар набошанд.

Гуҳар Хон, вакили дифои Имрон Хон, гуфт, “мо алайҳи ин қарор ба Додгоҳи олии шаҳри Исломобод шикоят хоҳем кард”.

Кумисюни интихобот ҳамчунин амр дод, ки алайҳи нахуствазири собиқи Покистон парвандаи ҷиноӣ кушоянд.

Дар вокуниш ба ин қарор ҳизби “Таҳрики инсоф”-и Хон ба раҳпаймоии эътирозии сулҳомез даъват кард. Фавод Чодурӣ, сухангӯи Имрон Хон, ба расонаҳо гуфт: “Мо ин қарорро эътироф намекунем. Мардуми Покистон қабул намекунанд. Аз мардум даъват мекунем, ки берун баромада ҳукуматдоронро биронанд”.

Ҳуқуқшиносон мегӯянд, Имрон Хон, ки аз соли 2018 дар мақоми нахуствазири Покистон кор кардаву моҳи апрели имсол дар паи раъйи адами эътимод аз курсиаш маҳрум шуд, аз ҳақи узвият дар порлумон ҳам бенасиб монд.

Хони 70-сола гуфт, ки барканории ӯ тавтеаи нахуствазир Шаҳбоз Шариф ва бо пуштибонии Амрико буд. Ҳам Шариф ва ҳам Амрико ин иттиҳомҳоро рад мекунанд.

Дар як интихоботи миёндавраии ҳафтаи ҷорӣ аз ҳашт курсӣ шаш курсиаш насиби ҳизби Хон шуд ва худи ӯ инро натиҷаи маҳбубияташ гуфт.