Мақомоти Эрон аз шаҳрвандони ин кишвар хостаанд, ки ба Украина нараванд. Вазорати корҳои хориҷии Эрон 21-уми октябр тасмимро ба “авҷ гирифтани даргириҳои низомӣ ва афзоиши ноамнӣ дар Украина” пайванд дод.
Ҳамзамон аз шаҳрвандони Эрон дар дохили Украина хоста шудааст, “ба хотири наҷоти худу амнияташон” ин кишварро тарк кунанд.
Аз замони ҳамлаи беасоси Русия ба Украина дар рӯзи 24-уми феврали имсол нерӯҳои ду кишвар задухӯрд доранд.
Маскав дар ҳафтаҳои охир ҳамлаҳои ҳавоиро ба шаҳрҳои Украина, аз ҷумла Киев, бештар кардааст.
Иёлоти Муттаҳида рӯзи 20-уми октябр гуфт, ки Эрон дар идораи ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Русия мадад мекунад.
Кохи Сафед гуфт, эрониҳо дар Қрим ба русҳо ёрӣ додаанд, ки тавассути ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ ба Украина ҳамла кунад.
Русия дар соли 2014 Қрими Украинаро ғасб кард.
Дар изҳороти Эрон ба ин нукта ишора нашудааст. Вазири корҳои хориҷии Эрон дар суҳбати телефонӣ бо дипломати аршади Иттиҳоди Аврупо Ҷозеп Боррел гуфта, ки Теҳрон ба Русия ҳавопаймоҳои бесарнишин надодааст.