Робин Митчел президенти Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ интихоб шуд

Робин Митчел

Робин Митчел, намояндаи Фиҷи, дар Ассамблеяи 26-уми кулли Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ, ки дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ ҷараён дорад, президенти ANOC барои давраи солҳои 2022-2026 интихоб гардид.

Робин Митчел аз соли 2018 иҷрокунандаи вазифаи президенти ANOC буд. Ӯ дар ин мақом Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳи кувайтиро иваз кард, ки чаҳор сол пеш ба иллати муттаҳам шудан дар қаллобии ҳуҷҷатҳо дар Швейтсария аз мақомаш барканор шуд.

Митчел баъди интихоб шуданаш ба вазифаи президенти ANOC ба вакилони ассамблея гуфт, "ман бесаброна интизорам, ки бо шумо дар тӯли чаҳор соли оянда ҳамкорӣ кунам ва бовар дорам мо аз ин ҳамкорӣ ҳаловат хоҳем бурд".

Президенти Кумитаи олимпии Қатар Шайх Ҷоан бин Ҳамад Ал-Танӣ ноиби аввали президенти ANOC интихоб гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар Ассамблеяи 26-уми кулли Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ дар Сеул намояндагони 204 кумитаи миллии олимпӣ, аз он ҷумла Тоҷикистон, ширкат доранд.