Тахриби қароргоҳи пешини Нурсултон Назарбоев дар Алмато

Алмато, 6-уми январи 2022

Шаҳрдори Алмато Ерболат Досаев 20-уми октябр дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Бостандик гуфт, тахриби бинои қароргоҳи президенти пешини Қазоқистон, ки дар ҷараёни ҳодисаҳои моҳи январ оташ гирифта буд, тақрибан ба поён расидааст.

"Ман ба наздикӣ консепсияи боғи нави шаҳрро ба сарвари давлат пешниҳод кардам. Дар онҷо боғи зебои шаҳр бунёд мегардад. Дар мавриди таъмири бинои шаҳрдорӣ бояд гуфт, ки умедворем, то ҷашни Наврӯз ба поён расад", - изҳор дошт ӯ дар посух ба суоли сокинон.

Қаблан хабар дода шуд, ки ҳукумати Қазоқистон барои тахриби қароргоҳи президенти пешин Алмато шаш миллиард танга (беш аз 13 миллион доллари амрикоӣ) ҷудо кардааст.

Қароргоҳи президент дар Алмато дар авҷи бетартибиҳои моҳи январ аз сӯи эътирозгарон тасарруф шуда буд. Расонаҳои маҳаллӣ моҳи феврал навиштанд, дар ошёнаи якуми бино мошине таркидааст, ки онро тазоҳургарон ба дохил ворид карда буданд. Бино осеб дидааст.

Мақомоти Қазоқистон моҳи марти соли равон тасмим гирифтанд, ки ин биноро тахриб кунанд. Он ҳамчун қароргоҳи президенти нахустин дар рӯйхати ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳанги Қазоқистон шомил буд.