Қирғизистон аз Қазоқистону Туркманистон барқ мехарад

Қирғизистон дар соли 2022 ба 16,2 миллиард кВт/соат барқ ниёз дорад. Дар ин бора муовини раиси девони вазирони он кишвар Бакит Торобоев хабар дод.

Ба гуфтаи вай, нерӯгоҳҳои Қирғизистон 11 миллиарду 500 миллион кВт/соат ва маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек 2 миллиард кВт/соат барқ истеҳсол мекунанд. 3 миллиард кВт/соат барқи боқимонда аз хориҷ ворид карда мешавад.

"Дар мавриди воридот, мо бо Туркманистон дар бораи хариди 1 миллиарду 800 миллион кВт/соат барқ шартнома бастем. Бо Қазоқистон барои харидани 241 миллион кВт/соат барқ шартнома баста шуд. Як шартномаи дигар мавҷуд аст дар бораи гирифтани 600 миллион кВт/соат барқ дар семоҳаи аввали соли 2023", - гуфт Торобоев.

Пештар аз ин вазири энержии Қирғизистон Таалайбек Иброев гуфт, ки дар ояндаи наздик Қирғизистон содироти ангиштро манъ мекунад.