Даҳҳо ширкати байнулмилалӣ аз Русия ба Қазоқистон рафтаанд

19-уми октябр, Алмато

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, баъд аз шурӯи ҷанги бедалели Русия алайҳи Украина дар поёни моҳи феврали имсол, беш аз 50 ширкати байнулмилалӣ аз Русия ба Қазоқистон кӯчидааст.

Алихон Смайлов, нахуствазири Қазоқистон, рӯзи 19-уми октябр дар суҳбат бо журналистон гуфт, 56 ширкати дигари байнулмилалӣ, ки дар моҳҳои охир аз Русия берун шуданд, “хоҳишманди ҷойгир шудан дар Қазоқистон мебошанд”.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев мегӯяд, мақомоти пойтахти иқтисодӣ - Алмато ширкатҳои омадаро дар ҳудуди он ва канораҳои ин шаҳр ҷой медиҳанд.

“Ин ҳолат барои иқтисоди мо хеле мадад хоҳад кард”, -- гуфт Тоқаев ва ба шаҳрдори Алмато супориш дод, ки ин масъаларо дар машварат бо ҳукумат ва худи ширкатҳо ҳал кунанд.

Баъд аз ҳуҷуми Русия ба хоки Украина беш аз як ҳазор ширкати байнулмилалӣ фаъолияташро дар Русия боздошт ва 320 ширкат гуфт, ки фаъолияташро дар Русия пурра хотима медиҳад.

Қазоқистон, ки бо Русия сарҳади дароз дорад, пас аз эълони сафарбарии нисбӣ дар таърихи 21-уми сентябр яке аз маконҳои асосии фирори садҳо ҳазор шаҳрванди Русия гардид.