Ҳамлаҳо қисми зиёди Украинаро бебарқ гузошт

Сӯхтор дар паи ҳамла ба истгоҳи барқие дар Украина. Акс аз 18-уми октябр

Мақомот гуфтанд, мушакборон ва ҳамлаҳои дрону тирандозиҳои Русия рӯзи 19-уми октябр деҳаву шаҳрҳои бештари Украинаро бебарқ гузоштааст, ҳамзамон мақомоти аз ҷониби Маскав таъиншуда дар минтақаи ишғолшудаи Ҳерсон аз сокинони маҳаллӣ хостанд дар паи пешрафтҳои нирӯҳои украинӣ ба маконҳои амн кӯч банданд.

Дар беш аз як ҳафтаи ҳамлаҳои ҳавоӣ тахминан сеяки истгоҳҳои барқии Украина дар тахминан як ҳазор минтақаҳои зист аз кор бароварда шудаанд. Дмитро Орлов, шаҳрдори Энеҳодари воқеъ дар наздикии истгоҳи атомии Запорожя гуфт, ки дар паи бомбаборони русҳо таъмини барқу об ба сокинон қатъ шудааст.

Мақомоти минтақаи Кривий Роҳ гуфтанд, ки корхонаи таъминкунандаи барқи маҳаллӣ ҷиддан осеб дид ва дар натиҷа деҳаву шаҳрҳои вобастаи он бебарқ мондаанд. Рӯзи 19 октябр нирӯҳои Русия бори дигар ба минтақаи Миколаев бо дронҳои камикадзе ҳамла карданд.

Фармондеҳии низомии Украина дар ҷануби ин кишвар гуфт, ки шабона 12 дронро безарар гардониданд. Дар муроҷиати шабонгоҳиаш ба мардум президенти Украина Владимир Зеленский аз сокинон хост, ки нирӯи барқро сарфакорона истифода кунанд.