Даргирии мусаллаҳона дар Кундуз боиси кушта шудани 5 нафар шуд

Шаҳри Кундуз.

Мақомоти амниятии ҳукумати Толибон дар Кундуз аз кушта шудани панҷ фарди мусаллаҳ дар як даргирӣ хабар доданд. Ҳофиз Убайдуллоҳ Обидӣ, сухангӯи фармондеҳии амнияти вилояти Кундуз ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин даргирӣ субҳи сешанбеи 18-уми окятби рух додааст. Вай афзуд, ки ин афрод мехостанд тартиботи ҷамъиятиро вайрон кунанд, аммо нагуфт, ки онҳо вобаста ба кадом гурӯҳ буданд. Сухангӯи фармондеҳии амнияти Толибон дар Кундуз мегӯяд, ки ба афроди ғайринизомӣ осебе нарасидааст. Вай нагуфтааст, ки ба нерӯҳои Толибон дар ин даргирӣ талафот ворид шудааст ё не.