Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё (AFC), ки 17-уми октябр дар пойтахти Малайзия – Куала -Лумпур – баргузор шуд, Ассотсиатсияи футболи Қатар ба унвони иттиҳодияи мизбони Ҷоми Осиё-2023 тасдиқ шуд. Дар ин бора сомонаи расмии АFC хабар додааст.
«Аз номи AFC ва оилаи футболи Осиё мехостам Ассотсиатсияи футболи Қатарро барои гирифтани ҳаққи мизбонии Ҷоми Осиё-2023 табрик намоям. Бо дарназардошти замони кӯтоҳи омодагӣ, мо медонем, ки кори душвор фавран оғоз мешавад, аммо бо зерсохтори мавҷудаи сатҳи ҷаҳонӣ ва имконияти беҳамто, итминон дорем, ки Қатар тамошои арзанда ба намоиш мегузорад", - гуфт президенти AFC шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа.
Қатар қаҳрамони феълии Осиё аст ва пас аз мизбонии Ҷоми Осиё дар солҳои 1988 ва 2011 бори севум ин мусобиқотро баргузор хоҳад кард.
Қаблан Ҷоми Осиё мебоист аз 16-уми июн то 16-уми июли соли 2023 дар Чин доир мешуд, ки ба далели вазъи эпидемиологӣ ин кишвар аз баргузории он худдорӣ кард. Санаи дақиқи мусобиқот ҳанӯз муайян нашудааст.
Бояд гуфт, ки дар Ҷоми Осиё-2023 24 дастаи мунтахаб иштирок мекунад. Ба ғайр аз тими миллии Тоҷикистон, дар марҳилаи ниҳоии мусобиқот дастаҳои мунтахаби Ҷопон, Сурия, Қатар, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Эрон, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Чин, Ироқ, Умон, Ветнам, Лубнон, Урдун, Фаластин, Узбекистон, Тайланд, Ҳиндустон, Ҳонконг, Баҳрайн, Малайзия, Қирғизистон ва Индонезия ширкат меварзанд.
Аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ 24 даста ба шаш гурӯҳ тақсим мешавад. Баъди натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар як гурӯҳ ду дастаи беҳтарин, инчунин чаҳор дастаи нишондодҳояш беҳтари ҷойҳои севум ба 1/8 финал роҳ пайдо мекунанд.