"Мизон" навишт, дар ҳодисаи Эвин камаш 8 кас ҷон бохтаанд

Зиндони Эвин

Расонаи вобаста ба мақомоти додгоҳии Эрон 17-уми октябр теъдоди қурбониёнро дар зиндони Эвин камаш ҳашт нафар номбар кард.

Шаби 15 ба 16-уми октябр дар зиндони Эвини Эрон, ки дар онҷо зиндониёни сиёсӣ нигаҳдорӣ мешаванд, сӯхтор ба амал омадааст.

Хабаргузории "Мизон" навишт, маҳбусон рӯзи 16-уми октябр ва бар асари захмҳои бардоштаи худ ҷон додаанд. Гуфта мешавад, ҳамаи онҳо ба иттиҳоми дуздӣ дар боздошт буданд.

"Мизон" ҳодисаи Эвинро "ҷанги байни маҳбусон" ва "сӯхтор" номид, ҳарчанд далелеро барои тасдиқи ин иддао пеш наовард. Фаъолони берун аз Эрон мегӯянд, ба иддаои ҳукумати Эрон ҳамчунон шубҳа доранд.

Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон, баъд аз онки президент Ҷо Байден аз эътирозҳо дар ин кишвар пуштибонӣ кард, Вашингтонро ба барангехтани бесарусомонӣ муттаҳам намуд.

Мавҷи эътирозҳо моҳи сентябри имсол ва пас аз марги Маҳсо Аминии 22-сола дар боздоштгоҳи пулиси ахлоқ Эронро фаро гирифт.