Украинаву Русия бори дигар асиронро табодул карданд

Таслими асирон байни Русия ва Украина, 13-уми октябри 2022

Русияву Украина рӯзи 13-уми октябр асирони низомиро табодул карданд. Аз ҳар ду ҷониб 20-нафарӣ табодул шудааст. Дар ин бора мушовири президенти Украина Андрей Ермак хабар дод. Вазорати мудофиаи Русия табодули асиронро тасдиқ, аммо ҷузъиёт надод.

Бори охир ҷонибҳо рӯзи 11-уми октябр асиронро табодул карда буданд. Ҷониби Украина он замон гуфт, 32 асир, аз ҷумла ҷасади шаҳрванди Исроил Дмитрий Фиалкиро гирифтааст.

Пештар аз он ду кишвар 22-юми сентябр табодули бузурги асиронро анҷом дода буданд. Киев 215 асири низомиашро аз Русия озод кард. Миёни озодшудаҳо ҷанговарони гуруҳи "Азов" низ буданд. Дар он табодул Туркия миёнаравӣ карда буд.