Кремл: Путин бо Эрдуғон гап зад, вале Украина баҳс нашуд

Владимир Путин ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Кремл хабар дод, ки раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 13-уми октябр бо ҳамтои туркаш Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар Қазоқистон мулоқот кард, аммо мавзӯи ҷанг дар Украина баррасӣ нашуд.

Пеш аз мулоқот Эрдуғон дар як нишасти минтақаӣ дар Остона ишора кард, ки омодаи миёнравӣ барои ҳалли низоъ аст ва дипломатияро “шонс”-и қатъи хунрезӣ донист.

Хабаргузории расмии “РИА Новости” аз қавли сухангӯи Крмел, Дмитрий Песков, гуфт, “мавзӯи созиши Русия ва Украина баррасӣ нашуд”. Раиси ҷумҳури Туркия дар ин бора ибрози назар накардааст.

Туркия узви НАТО аст, аммо аз пайвастан ба таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия худдорӣ карда, равобити хубро ҳам бо Киев ва ҳам бо Маскав нигоҳ дошт.

Ду дафъа музокироти сулҳи Маскаву Киевро мизбонӣ кард. Мулоқоти охири тарафҳо моҳи марти имсол баргузор шуд, аммо ҳосиле надод.

Раиси ҷумҳури Украина Владимир Зеленский 13-уми октябр дар нишасти онлайн бо аъзои Ассамблеяи порлумонии Аврупо бори дигар гуфт, ки бо Путин ҳеч гуна музокира намешавад.