Кумисюни марказии интихоботи Қазоқистон номзадии Хайрулло Габжалилов аз иттиҳоди иҷтимоии оралманҳои "Асар", Талгат Ергалиев аз Иттиҳоди сохтмончиёни Қазоқистон ва Фотима Бизаковаро аз ташкилоти иҷтимоии "Равоншиносии таҷрибавӣ" ба интихоботи президентӣ сабт накард.
Ба иттилои Кумисюн, Габжалилов таҷрибаи фаъолияти давлатӣ надорад. Қонунгузории Қазоқистон талаб мекунад, ки номзад ба мақоми президентӣ ҳадди ақал 5 соли таҷрибаи корӣ дар ниҳодҳои давлатиро дошта бошад. Номзадии Талгат Ергалиев низ бо ҳамин сабаб рад карда шудааст.
Бизакова ҳам таҷрибаи кор дар ниҳодҳои давлатиро надорад ва ба ҳамин далел ҳақ надорад, ки номзад ва президент интихоб шавад.
Ахиран Кумисюни интихоботӣ номзадии президенти амалкунандаи Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаевро ба интихобот сабти ном кард.
Сабти номи номзадҳо то 21-уми октябр идома мекунад. Коршиносон мегӯянд, натиҷаҳои интихобот аз пеш маълум аст.
То ин замон 12 нафар даъвои курсии президентии Қазоқистон кардаанд.