Рӯзноманигор Муҳаммадкарим 15 шабонарӯз ҳабс шуд

Думан Муҳаммадкарим

Додгоҳи вилояти Алматои Қазоқистон хабарнигор ва соҳиби саҳифаи "Не дейді" дар шабакаи Ютуб Думан Муҳаммадкаримро 15 шабонарӯз ҳабс кард.

Хабарнигор дар нақзи банди "Вайрон кардани қонунгузории Қазоқистон дар бораи тартиби ташкил ва баргузории ҷамъомадҳои осоишта" айбдор дониста шуд.

Муҳаммадкарим гуфт, аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва ба зинаи болоӣ шикоят мебаранд.

Думан Муҳаммадкарим ҳодисаҳои моҳи январи Қазоқистон ва рафти мурофиаҳои гумонбарони ин ҳаводисро дар шабакаи Ютуб фаъолона бозтоб мекард.