Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон бо ҳамтои русаш Владимир Путин рӯзи 13-уми октябр дар Қазоқистон гуфтугӯ мекунад. "Дар ин гуфтугӯ ҷанги Русия зидди Украина ва муносибатҳои дуҷонибаи Туркия бо Русия баррасӣ мешавад," -- хабар дод сухангӯи Кремл Дмитрий Песков.
Бори охир Эрдуғон бо Путин дар миёнаҳои моҳи сентябр дар шаҳри Самарқанди Узбекистон мулоқот карданд. Ҳамчун узви НАТО, Туркия худро миёнараве байни Русия ва Украина муаррифӣ дорад. Анкара аз Маскав интиқод мекунад, аммо ба таҳримҳои Ғарб зидди Русия пайваст нашудааст.
Эрдуғон ошкоро изҳори умед кард, ки метавонад, Путин ва Владимир Зеленский, президенти Украинаро барои хотимаи ҷанг сари мизи музокирот шинонад.
Путин баъди нокомиҳои зиёд дар майдони ҷанг дар моҳи гузашта - замоне ки артиши Украина ба ҳамла ҷавобӣ гузашта, яке паси дигар минтақаҳои ғасбшударо озод кард - эълон кард, ки чаҳор вилояти Украина ба ҳайати Русия "шомил" шудаанд.
Ӯ ҳамзамон дар моҳи сентябр гуфт, Маскав "омода"-и гуфтугӯ бо Украина аст. Ғарб ба ном раъйпурсии Русияро дар вилоятҳои Украина маҳкум кард.
Зеленский эҳтимоли гуфтугӯро бо Путин рад кард. Вай гуфт, Украина бо президенти "оянда"-и Русия, баъд аз Путин, музокира мекунад.