Тоҷикистон: Нархи орд арзон, вале ангишт гарон шуд

Нархи орд дар Тоҷикистон дар муқоиса ба соли гузашта 23 дарсад гарон, аммо дар муқоиса бо ҳафтаҳои пеш андаке арзон шудааст.

Бино ба арзёбии Созмони Милал аз 11-уми октябр, як халта орди 50-килоӣ аз 300 то 320-330 сомонӣ аст. Пештар нархи орд то ба 370 сомонӣ расида буд.

Далели он, ба қавли коршиносони созмон, афзоиши воридот ва ҷамъоварии ҳосили нави гандум будааст.

Дар ҳамин ҳол, нархи сабзӣ ба фарқ аз ҳафтаву моҳи гузашта аз 5 то 14 дарсад боло рафтааст.

Бино ба мушоҳидаи коршиносони Барномаи озуқавории Созмони Милал, дар ду ҳафтаи охир дар бозорҳои кишвар каме поин рафтани арзиши бензин ва сӯзишвории дизелӣ мушоҳида мешавад.

Корбарони Радиои Озодӣ дар рӯзҳои охир аз ду баробар боло рафтани нархи ангишт шикоят мекунанд.

Дар пайи оғози бебарқӣ дар минтақаҳо як кило ангишти истеҳсоли Қирғизистон ба 3 сомонӣ расидааст. Пештар аз 1 то 2 сомонӣ буд.