Чанд шахсияти шинохта дар Эрон, аз ҷумла футболбози маъруф Алӣ Доӣ, пас аз ҳимоят аз тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар ин кишвар бозпурсӣ шуда, шиносномаашон мусодира гардидааст.
Эътирозҳо дар Эрон моҳи сентябри имсол ва дар пайи марги Маҳсо Аминии 22-сола сар шуд. Ӯро 16-уми сентябр аз тарафи пулиси ахлоқ дастгир ва баъди се рӯз дар ҳоли беҳушӣ даргузашт.
Алӣ Доӣ, узви собиқи тими миллии Эрон, моҳи гузашта аз ҳукумати кишвараш хост, ба ҷойи саркӯбу хушунату боздошт мушкили мардумро ҳал кунад. Бародараш рӯзи 10-уми октябр гуфт, ки мақомоти Эрон шиносномаи ӯро гирифтаанд.
Ҳунарманди маъруфи эронӣ, Ҳомид Фаррухнажод, рӯзи 9-уми октябр дар Инстаграм навишт, ки ба далели пуштибонӣ аз эътирозҳои мардумӣ чанд соат бозпурсӣ шуд ва зери фишори маъмурони амниятӣ монд.
Вай навиштааст, "маро ду дафъа даъват карда, даҳ соат бозпурсӣ карданд ва аз ҳаққи берун рафтан аз Эрон маҳрум намуданд." Фаррухнажод пештар гуфта буд, ки ҳатто баргузории тазоҳуроти осоишта дар Эрон номумкин шудааст.
Як хабаргузории нимарасмии Эрон иттилоъ дод, ки шиносномаҳои овозхон Ҳумоюн Шаҷариён ва ҳунарпеша Саҳар Давлатшоҳӣ низ баъди бозгашт аз Австралия мусодира шудааст.