Украина баъди зарбаҳои Русия содироти барқро ба Аврупо бас кард

Вазорати энержии Украина хабар дод, ки аз 11 октябр содироти барқ ба Иттиҳоди Аврупо (ИА)-ро ба далели ба эътидол овардани низоми энержии кишвар баъди зарбаҳои Русия қатъ мекунад.

Ин ниҳод Москваро ба ҳамлаи террористӣ ва тақвияти фишори энержӣ ба ИА айбдор кардааст.

Вазорат ёдрас кардааст, ки Киев ҳатто баъди қатъи фаъолияти неругоҳи Запороже уҳдадориҳои худро дар назди ИА иҷро мекард, вале зарбаҳои Русия дар рӯзи душанбе ин кишварро водор мекунад, ки содироти барқро қатъ кунад.

Чандин шаҳри Украина, аз ҷумла Киев, Днепр, Харков ва Николаев субҳи рӯзи душанбе мавриди зарбаҳои мушакӣ қарор гирифтанд. Дар натиҷа чандин кас кушта ва захмӣ шуданд.

Президенти Украина Владимир Зеленский гуфт, ҳамаи минтақаҳои кишвараш мавриди ҳамла қарор гирифтанд.