Украина Дмитрий Медведев ва Мария Захароваро ҷустуҷӯ мекунад

Дмитрий Медведев

Хадамоти амнияти Украина рӯзи 10-уми октябр раисҷумҳур ва сарвазири пешини Русия Дмитрий Медведевро ба рӯйхати шахсони дар ҳоли ҷустуҷӯ қарор дод.

Вай ба таҷовуз ба тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии Украина муттаҳам аст.

Медведев дар ҳоли ҳозир муовини раиси Шӯрои амнияти Русия аст. Бар асоси иттиҳоми эълоншуда ба ӯ то даҳ сол зиндон ва мусодираи молу мулк таҳдид мекунад.

Дмитрий Медведев то ҳол ба қарори ҷониби Украина вокуниш накардааст.

Украина ҳамчунин намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова, вакилони Думаи давлатӣ ва раҳбарони ниҳодҳои қудратии он кишварро ба истиснои додситони кул Игор Краснов ва раиси Кумитаи тафтишот Александр Бастрикин ба кофтукоб дод.