Тоқаев барои иштирок дар интихобот имтиҳон намесупорад

Қосимҷомарт Тоқаев

Кумисюни марказии интихоботи Қазоқистон раисҷумҳури кунунии ин кишвар Қосимҷомарт Тоқаевро ҳамчун номзади "ба талабот ҷавобгӯ" эътироф кард.

Дар натиҷа, ба намояндагони Тоқаев варақаҳо дода шуд, то ба ҷонибдорӣ аз номзади мавриди назарашон имзо ҷамъ биоранд. Ҳар як номзад ба мансаби президенти Қазоқистон барои сабтином шудан бояд ба ҷонибдорӣ аз худ беш аз 118 ҳазор имзо ҷамъ намояд.

Тоқаеви 69-сола барои иштирок дар интихоботи пешазмуҳлати президентӣ аз забони давлатии Қазоқистон имтиҳон намесупорад. Зеро қонун президентҳои амалкунандаро аз супоридани ин имтиҳон озод мекунад.

Интихоботи пеш аз муҳлати Қазоқистон рӯзи 20-уми ноябри имсол баргузор хоҳад шуд.

То ҳол номзадии мудири Пажӯҳишгоҳи иқтисодии маҷмааи байнулмилалии илмии Остона Майрам Кажикен аз сӯи Иттиҳодияи иттифоқҳои касабаи “Амонат”, Нурлан Ауесбоев аз ҷониби Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Қазоқистон, ки худро мухолиф меномад ва Жигули Дайрабоев аз ҳизби ҳукуматгарои "Ауил" ба мақоми президентӣ пешбарӣ шудаанд.