Алишер Қодиров: суханҳои Комилов барои Узбекистон мушкил эҷод кард

Раиси Ҳизби "Миллий тикланиш"-и Узбекистон дар суҳбат бо "Kun.uz" гуфт, баъди суханҳои вазири пешини умури хориҷии кишвар Абдулазиз Комилов дар бораи ҳимояти Тошканд аз тамомияти арзии Украина мушкилиҳои иқтисодӣ оғоз шуданд.

"Он баромади Абдулазиз Комилов борҷуръаттарин баромади Узбекистон буд. Аммо баъди ин баромад бӯҳрони якҳафтаинаи иқтисодӣ оғоз ёфт. Медонед, роҳи Узбекистонро аз самти шимол ба уқёнус қасдан бастанд. Дар ин бора бояд сӯҳбат кунем”, - изҳор дошт Қодиров.

Ба гуфтаи ӯ, Узбекистон ба далели мавқеи ҷуғрофии худ бояд "эҳтиёткор" бошад.

"Агар кишвар содирот накунад, яъне ба бозори ҷаҳонӣ ворид нашавад, рушд нахоҳад кард. Ман фикр мекунам, ки ин қасдан анҷом дода шуд. Ман бовар дорам, ки вазъи ноороми Афғонистон, номумкин будани истифодаи долони Афғонистон барои мо як мушкили махсуси ба таври сунъӣ эҷодшуда аст”, - афзуд раиси Ҳизби "Миллий тикланиш".

Комилов, ки 10 соли ахир вазири корҳои хориҷии Узбекистон буд, моҳи апрели имсол аз мақом барканор ва муовини котиби Шӯрои амнияти он кишвар таъйин шуд. Ӯ бори охир дар мазҳари ом рӯзи 17 март ҳозир шуда буд. Он замон Комилов мавқеи Узбекистонро дар баробари вазъи Украина шарҳ дода буд.

"Узбекистон истиқлол, ягонагӣ ва тамомияти арзии Украинаро эътироф мекунад. Мо ҷумҳуриҳои халқии Луганск ва Донетскро эътироф намекунем", - гуфта буд он замон вазири корҳои хориҷии Узбекистон.

Абдулазиз Комилов ибтидои соли 2013 ба мақоми вазири корҳои хориҷии Узбекистон таъйин шуда буд.