Тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Эрон идома ёфт

Тазоҳурот ду ҳафта боз дар шаҳрҳои гуногуни Эрон идома дорад.

Тазоҳуроти пароканда дар Эрон ва саркӯби эътирозгарон рӯзи 8-уми октябр ҳам идома кард, бо вуҷуди онки мақомот гуфтаанд, мардуми норозиро ҷазои сахт хоҳанд дод.

Тазоҳурот бар зидди ҳукумат ва барои он бархост, ки маъмурони пулиси ахлоқ Маҳсо Аминӣ як духтари эрониро барои ба гуфтаи онҳо нодуруст пӯшидани ҳиҷоб дастгир карданд ва сипас ҷасадашро ба хешовандонаш супурд. Бино ба гузоришҳо, дар шаҳрҳои Теҳрон ва Санандаҷ байни неруҳои амниятӣ ва тазоҳургарон даргирӣ ба вуқуъ пайваста ва чанд қурбонӣ низ бар ҷой гузоштааст.

Тазоҳурот ҳамчунин дар чанде аз шаҳрҳои курднишини Эрон идома кардааст. Созмони Ҳомии Ҳуқуқи Эрон, ки дар Осло қароргоҳ дорад, мегӯяд, ки дар ҷараёни тазоҳурот то кунун 92 тазоҳургар кушта шудаанд, ҳарчанд гуруҳҳои дигар гуфтаанд, теъдоди қурбониён аз 160 нафар ҳам зиёдтар аст.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки маъмурони пулис ба самти тазоҳургарон тир меандозанд ва аз гази ашковар истифода мебаранд. Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон “омилони хориҷӣ”, аз ҷумла Амрико ва Исроилро ба барангехтани эътирозҳои саросарӣ дар Эрон муттаҳам кард, ки шиори асосӣ дар он “зан, зиндагӣ ва озодӣ” шудааст.