Тарҳи додани аслиҳа ба сокинони Ботканд баҳсбарангез шуд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Пас аз муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки даҳҳо куштаву захмӣ ба ҷой гузошт, порлумони Қирғизистон, тарҳи қонунеро баррасӣ кард, ки ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳи ихтиёриён дар деҳоти марзиро пешбинӣ мекунад. Коршиносон дар Тоҷикистон мегӯянд, ин кор метавонад боиси хунрезии бештар шавад.