Тоқаев гуфт, аз номи "эътилофи мардумӣ" номзад мешавад

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон.

Президенти амалкунандаи Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев гуфт, ки дар интихоботи пешорӯи президентӣ аз номи "эътилофи мардумӣ" номзад мешавад. Се созмони ҷамъиятӣ ва се ҳизби сиёсӣ дар Қазоқистон рӯзи 6 октябр аз таъсиси эътилофи ягона хабар доданд.

Тоқаев дар ҷамъомади "эътилофи мардумӣ" аз ҳимояти номзадиаш сипосгузорӣ карда, бори дигар ваъдаи баргузории интихоботи "одилона ва воқеӣ"-ро дод.

Интихоботи пеш аз муҳлати Қазоқистон рӯзи 20 ноябри имсол баргузор хоҳад шуд. То ҳол номзадии раҳбари Пажӯҳишгоҳи иқтисодии маҷмааи байналмилалии илмии Остона Майрам Кажикен аз сӯи Иттиҳодияи иттифоқҳои касабаи “Аманат”, Нурлан Ауесбоев аз ҷониби Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Қазоқистон, ки худро мухолиф унвон мекунад ва Жигули Дайрабоев аз ҳизби ҳукуматгарои "Ауил" ба мақоми президентӣ пешбарӣ шудаанд.

Пеш аз таъйини рӯзи интихобот ба Конститутсияи Қазоқистон тағйирот ворид карданд, ки акнун президент барои як давраи 7-сола интихобот мешавад ва ҳаққи дубора интихобот шуданро надорад.