Садҳо басеҷшудаи рус ба нишони эътироз аз қатора поин шуданд

Қрим. 27-уми сентябри 2022

Ҳудуди панҷсад шаҳрванди Русия, ки барои иштирок дар ҷанги Украина басеҷ шудаанд, бо нашри видеое гуфтанд, дар “як шароити ҳайвонӣ” нигаҳдорӣ мешаванд.

Ин видео шоми чоршанбе, 5-уми октябр, ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Дар навор анбуҳи низомиёни мусаллаҳ дида мешавад, ки мегӯянд, аз қатораи Белгород поин шудаанд.

Басеҷшудаҳо гуфтанд, намедонанд, ки ба кадом қисми низомӣ тааллуқ доранд ва онҳоро ба куҷо мефиристанд. Ҳамчунин ҳамаи лавозимоти заруриро аз ҳисоби худ харидаанд.

Макон ва замони дақиқи сабти навор маълум нест. Хабарнигори бахши русии Радиои Озодӣ Марк Кротов мегӯяд, наворро сокини шаҳри Маскав Сергей Сурков, ки қаблан низ дар бораи мушкилоти артиши Русия видео нашр карда буд, дар наздикиҳои Белгород сабт кардааст.

Дар миёни ин басеҷшудаҳо нафаре бо рамзи ширкати низомии хусусии "Вагнер" низ дида мешавад. Ин ширкатро ба Евгений Пригожин, яке аз соҳибкорон ва шахсони наздик ба президенти Русия Владимир Путин рабт медиҳанд.

Низомиёни Русия, ки дар асоси фармони Путин басеҷ мешаванд, пайваста аз шароити бад дар артиши ин кишвар ва норасоии лавозимоти ҷангӣ шикоят мекунанд.

Тавре маълум шуд, аксари басеҷшудаҳо дар қисмҳои низомӣ дар рӯи фарш хобанд ва бо ғизои хуб таъмин нестанд.