Президенти Қирғизистон қазияи Кампирободро шарҳ дод

Уш, Қирғизистон

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) дар саҳифаи худ дар Фейсбук вохӯрияшро бо сокинони ноҳияи Узген дар робита ба тақдири обанбори Кампиробод шарҳ дод.

Ба гуфтаи Ҷабборов, қаблан обанбор пурра таҳти назорати Узбекистон қарор дошт ва минбаъд ду кишвар тасмим гирифтаанд, ки барои "идораи баробари сарбанд" корхонаи муштарак таъсис диҳанд.

"Шартномаро пас аз баррасӣ шудан дар порлумон ба мардум пешниҳод мекунем ва дар бораи заминҳое, ки моликияти мо шудаанд, маълумот медиҳем. Шумо бояд сабр кунед. Зиёда аз 99%-и ҳудудҳои баҳсӣ аз мо шуданд”, - навиштааст президенти Қирғизистон.

Ӯ афзудааст, “мо сатҳи обро паст кардем. Дар натиҷа, 1246 ҳектар замини назди соҳили обанбор озод шуд ва ҳудудҳо ба ихтиёри мо гузаштанд. Заминҳоро сокинони маҳаллӣ барои обёрии заминҳои кишоварзӣ истифода хоҳанд бурд. Мо дертар дар бораи манотиқи боқимондаи марзӣ маълумот медиҳем.”

Рӯзи 4-уми октябр президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо сокинони ноҳияи Узгени вилояти Ӯши кишвараш мулоқот кард.

Хабар дода мешавад, ки баъзе аз сокинон гирдиҳамоӣ карда, мулоқоти боз бо ҳамаи сокинони ноҳияро талаб намуданд. Онҳо ҳамчунин талаб карданд, ки обанбори Кампиробод ба Узбекистон дода нашавад.

Моҳи марти имсол раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев гуфта буд, дарғот ё садди обанбор таҳти назорати ҷониби Узбекистон қарор мегирад, аммо захираи обро ҷонибҳо якҷоя истифода мекунанд. Баъди ин изҳорот сокинони Қирғизистон борҳо талаби бекорсозии тасмими мазкурро карданд.