Содироти ғаллаи Украина ба марҳилаи пеш аз оғози ҷанг дар он кишвар бармегардад. Русия ва Украина ду моҳ пеш бо миёнравии Созмони Милал ва Туркия барои содироти ғалла тавассути Баҳри Сиёҳ созиш карданд.
Киштиҳои ҳомили ғалла аз 1-уми август ҳар ҳафта ба бандари Одесса ворид мешаванд. Ҷанги Русия дар Украина содироти маҳсулоти муҳимеро ба монанди ғалла ва нуриҳои минералӣ коҳиш дод ва боиси боло рафтани нарх дар ҷаҳон гашт.
Вазири зербиноҳои Украина ба “Садои Амрико” хабар дод, ки маводи ғизоиро аз бандари Одесса бештар ба Сомалӣ, Эфиопия, Кения ва кишварҳои дигар мефиристанд.
Александр Кубраков афзуд: “Аз ҳама чизи муҳим ин аст, ки содиротро бештар кунем. Ҳоло наздик ба 5 миллион тонна расондем. Ин натиҷаро пеш аз ҷанг доштем. Умед дорам, ба ин тартиб пеш меравем.”
Украина яке аз кишварҳои асосии содироткунандаи ғалла дар ҷаҳон аст. Ин кишвар ҳамасола ба бозори ҷаҳонӣ наздик ба 45 миллион тонна ғалла мефиристад.
Содироти ғалла рӯзи 22-юми июл, пас аз созиши Украинаву Русия бо миёнаравии Созмони Милал ва Туркия дубора барқарор гашт. Ин созиш имкон медиҳад, маҳсулоти содиротӣ аз бандарҳои Украина ба Баҳри Сиёҳ бехатар гузаранд. Мақомоти Украина мегӯянд, созиш барои рушди кишоварзии Украина мадад мекунад.
Дмитро Баринов, муовини раиси Идораи бандарҳои Украина, мегӯяд, “бештари аҳолии ҷаҳон аз камбуди ғизо ранҷ мекашанд. Агар аврупоиҳо инро дар мисоли болоравии нарх эҳсос кунанд, дар кишварҳои фақир мардум умуман чизе барои хӯрдан надоранд. Бозгашти Украина ба бозори кишоварзӣ нишонаи он аст, ки акнун мо канори онҳоем ва метавонем миллионҳо тонна гандумро содирот кунем.”
Коршиносон мегӯянд, содироти ғалла аз Украина барои ба эътидол овардани нархи маводи ғизоӣ дар саросари ҷаҳон мусоидат хоҳад кард.
Сардори корхонаи бузурги кишоварзии Украина, “Кернел”, изҳори умед кард, ки бандарҳои содироти ғалла мисли қабл кор хоҳанд кард. Ба қавли Левген Осипов, "воқеан, ҷаҳон ба ғалла ниёз дорад. Талабот ба он дар ҳама кишварҳо вуҷуд дорад ва мо бояд тавозуни амнияти озуқавориро дар ҷаҳон нигоҳ дорем."
Бино ба пешбиниҳои Созмони Милал, ба дунболи ҷанги Русия дар Украина дар 41 кишвари ҷаҳон то 181 миллион нафар метавонанд, ба бӯҳрони ғизоӣ ва ҳатто гуруснагӣ дучор шаванд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Фурӯши гандуми Украина зиёд шудааст