Як сокини Бишкек барои навиштааш дар "Твиттер" зиндонӣ шуд

Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек сокини маҳаллӣ В.Е.-ро барои нашри матлабе дар шабакаи иҷтимоии "Твиттер" як сол зиндонӣ кардааст.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ бо истинод ба хадамоти матбуотии додгоҳ хабар додааст, ки маҳкумшуда моҳи апрели имсол дар ҳолати мастӣ навиштаеро нашр кардааст, ки дар он "мардуми қирғиз" таҳқир мешаванд.

Зани гумонбар дар додгоҳ ба гуноҳи худ иқрор карда, аз додрас хостааст, ӯро аз озодӣ маҳрум накунад, вале додрас напазируфта.

Додрас гуфтааст, навиштаи зан метавонад, ба ангехтани низои байни миллатҳо сабаб шавад. Масъулони додгоҳ дар ин бора аз ин бештар иттилоъ надоданд.