Эътирозҳо дар шаҳру вилоятҳои Эрон идома доранд. Дар наворҳо дида мешавад, ки пулиси Эрон ба самти тазоҳургарон тир меандозад.
Эътирозҳо рӯзи 16-уми сентябр, баъди марги Маҳсо Аминии 22-сола шуруъ шуд. Ӯро пулис барои “бадҳиҷобӣ” дастгир карда буд. Манбаъҳои расмӣ шумори кушташудаҳоро дар эътирозҳо 41 нафар гуфтаанд, аммо ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, теъдоди онҳо бештар аст.
Нед Прайс, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Амрико, гуфт, зӯроварӣ як нишонаи ҷумҳурии мардсолори Эрон аст.
“Ин як воқеияти одист. Маҳсо Аминӣ бояд зинда мемонд. Ягона сабаби марги ӯ шиканҷаи бераҳмонаи пулиси ба ном ахлоқ аст. Онгуна, ки мебинем саркӯб ва бераҳмиро ҳукумати Эрон алайҳи шаҳрвандони худ идома медиҳад,” – афзуд ӯ.
Ба нишони эътироз ба марги Маҳсо Аминӣ занони эронӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое нашр карданд, ки дар он мӯйи худро қайчӣ мезананд.
Насиба Шамсоӣ, фаъоли ҳуқуқи зан, дар назди консулгарии Эрон дар Истанбул бо шиори “Озодӣ” мӯйи худро бурид. Тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон занон бояд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мӯйи худро намоиш надиҳанд.
Наворро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Эътироз дар Эрон дар даҳҳо шаҳр доман паҳн кардааст
Иброҳим Раисӣ, президенти Эрон, дар ҷаласаи Созмони Милал гуфт, аз ҳуқуқи шаҳрвандони худ ҳимоя мекунад. Роберт Менедес, вакили Маҷлиси Намояндагони Амрико, мегӯяд, Раисӣ дар дунёи дигар зиндагӣ мекунад.
Ӯ афзуд: “Медонед, марги зани 22-сола аз ҷониби пулиси ахлоқ як намунаи он аст, ки дар Эрон ҳуқуқи инсон аҳамият надорад ва занони эронӣ наметавонанд, аз ҳуқуқи худ дар ҷомеа баҳра баранд. Ин ба он маъно аст, ки пулро на барои таъмини аҳолӣ, балки барои мусаллаҳ кардани гурӯҳҳое сарф менамоянд, ки амалҳои террористӣ анҷом медиҳанд.”
Сенатор Роб Портман изҳороти президент Ҷо Байденро дар Маҷмааи Умумии Созмони Милал шарҳ дод, ки гуфт, дипломатия беҳтарин роҳи бархӯрд бо Теҳрон аст.
Дар ҳоли ҳозир таваҷҷӯҳи ҷаҳониён ба эътирозҳои Эрон, аз ҷумла дар Ню-Йорк нигаронида шудааст. Эътирозҳое, ки бар асари марги Маҳсо Аминӣ сар зад. Теҳрон мегӯяд, ӯ аз сактаи дил фавтид, вале хонаводааш бовар надоранд.