Ҳашт медали варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии Осиёи Марказӣ

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи IV бози қаҳрамонии Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук, ки рӯзҳои 23-25-уми сентябр дар маҷмааи варзишии “Афросиёб Арена”шаҳри Самарқанди Узбекистон баргузор шуд, ҳашт медал (се тило, ду нуқра ва се биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ беш аз 300 варзишгар аз шаш кишвари Осиёи Марказӣ - Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Узбекистон, инчунин Филиппин, Тайланд ва Малайзия ширкат варзиданд.

Варзишгарон дар давидан ба масофаҳои мухталиф, ҷаҳиш ба баландӣ, ҷаҳиш бо ходачӯб, ҷаҳиш ба дарозӣ, ҷаҳиши секарата, партоби диск, ҳаво додани найза, гулӯлапартоӣ ва гурзандозӣ рақобат карданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Ғайрат Неъматов 15 варзишгар дохил буд.

Фаворис Музрапов дар давидан ба масофаи 200 метр бо натиҷаи 21,75 сония мақоми аввалро касб кард ва бо медали тило сарфароз гашт.

Илдар Аҳмадиев дар ҷаҳиш ба дарозӣ бо натиҷаи 7 метру 73 сантиметр ҷойи аввалро гирифт ва бо медали тило мукофотонида шуд.

Инчунин дастаи мардонаи Тоҷикистон дар эстафетаи 4Х100 метр бо натиҷаи 41,50 сония медали тило гирифт.

Ду медали нуқраро Илдар Аҳмадиев дар давидан ба масофаи 200 метр бо натиҷаи 21,97 сония ва Леонид Пронженко дар давидан ба масофаи 110 метр бо монеа бо натиҷаи 15,29 сония соҳиб шуданд.

Се медали биринҷиро бошад, Александр Пронженко дар давидан ба масофаи 200 метр бо натиҷои 22,17 сония, Зуҳуршоҳи Наҷмиддин дар давидан ба масофаи 3000 метр бо монеа бо натиҷаи 9 дақиқаю 44,32 сония ва дастаи мардонаи Тоҷикистон дар эстафетаи 4Х400 метр бо натиҷаи 3 дақиқаю 20,42 сония ба даст оварданд.

Чунонки UzDaily.uz хабар додааст, дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Узбекистон бо касби 79 медал (25 тило, 27 нуқра ва 27 биринҷӣ) ҷойи аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Туркманистон (3 тило, 5 нуқра ва 3 биринҷӣ) ҷойи дувум ва дастаи Қирғизистон (3 тило, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ) ҷойи севумро гирифтанд.

Дар доираи мусобиқоти байналмилалӣ дар Самарқанд варзишгарон барои 56 маҷмуи ҷоизаҳо аз рӯи 41 навъи рақобатҳо оид ба варзиши сабук мубориза бурданд.