Навбатпоиҳо барои тарки Русия дар марзи Қазоқистон

Марзи Русия ва Қазоқистон.

Ихтиёриёни ҳаракати минтақавӣ барои ҳарчи зудтар гузаштан аз марзи Русия автобусҳо, таксиҳои дастаҷамъӣ ва ҳатто иҷораи дучархаҳоро ташкил кардаанд.

Бахши тоторӣ-бошқирии Радиои Озодӣ бо истинод ба онҳое, ки марзи Русия ва Қазоқистонро убур мекунанд, навиштааст, "се рӯз мешавад, одамон барои гузаштан аз марзи Русия ва Қазоқистон дар гузаргоҳи "Караозек" дар вилояти Астрахан соатҳо навбат мепоянд".

Дар гузаргоҳҳои марзии Русия бо кишварҳои дигаре, ки бо онҳо низоми бидуни раводид амал мекунад, вазъи ҳамсон мушоҳида мешавад. Ин навбатпоиҳо барои тарки Русия баъди эъломи басиҷсозӣ ба миён омадаанд.

Президенти Русия Владимир Путин 21 сентябр фармон дар бораи басиҷсозиро имзо кард. Бино ба фармони имзошуда, шаҳрвандоне басиҷ мешаванд, ки хидмати низомӣ кардаанд.