Билети парвоз аз Русия ба Тоҷикистон гарону камчин шуд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ба иттилои намояндагии ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон, аз 21-уми сентябр арзиши билети парвоз аз Русия боло рафт. Онҳо рӯзи 22-юми сентябр дар суҳбати бидуни микрофон гуфтанд, агар як рӯз пеш нархи билет аз шаҳрҳои Русия ба Душанбе аз 1,5 ҳазор сомонӣ сар мешуд, ҳоло то ду баробар афзудааст.