Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, Душанбе ҷамоати Ворухи Исфараро ҳамчун "анклав" дар иҳотаи заминҳои Қирғизистон эътироф намекунад.
Содиқ Имомӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 19-уми сентябр дар брифинге дар Душанбе гуфт, ҳукумати Шӯравӣ дар солҳои 1920-1930-и асри гузашта бе риояи расмиёти қонунӣ се қитъа замини Тоҷикистонро ба Қирғизистон додааст. Ӯ дар тасдиқи гуфтаҳояш ба харитаҳои давраи аввал ишора кард, ки дар онҳо Ворух ва ду мавзеи дигар бахше аз Тоҷикистон ҳастанд. Мақомоти Қирғизистон ба изҳороти нави Имомӣ вокуниш накардаанд.
"Ҷониби Қирғизистон ба далели азхудкунӣ ин қитъаро моли худ медонад. Агар ба ин харита диққат диҳед, ягон анклаве бо номи Ворух нест ва он табиатан ба минтақаҳои дигари Тоҷикистон пайванд аст. Мутаассифона, азхудкунии босуръати ин заминҳо дар гузашта, дар замони Шӯравӣ, низ боиси даргириҳо мешуд," -- афзуд муовини вазири корҳои хориҷӣ.
Ворух 92 километри мураббаъ масоҳат дорад ва яке аз баҳонаи даргириҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон аст. Мақомоти ду кишвар табодули заминҳоро барои ҳалли баҳсҳои марзӣ баррасӣ карданд, вале зоҳиран ба натиҷае нарасиданд.
Дар ҷамоати Ворухи Исфара 40 ҳазор кас зиндагӣ мекунанд. Тақрибан дар ҳар муноқиша, ягона роҳи онҳо ба гӯшаҳои дигари Тоҷикистон баста мешавад.
Дар ҳамин ҳол, Марат Имонқулов, дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон, аз мақомоти Тоҷикистон даъват кардааст, барои ҳалли масоили марзӣ бо роҳи низомӣ талош накунанд.
“Ин роҳи сарбаста аст. Аз ин рӯ, аз кишварҳои ҳамсоя даъват кардем, ки масъалаи делимитатсия ва нишонагузории марзҳоро танҳо бо роҳи осоишта ва дар сари мизи гуфтушунид ҳал кунанд. Кумисюни байниҳукуматӣ таъсис дода шудааст... Масъалаи сарҳад ба таври якҷониба ҳал намешавад. Аз мақомоти Тоҷикистон даъват мекунем, ки минбаъд барои ҳалли мушкилоти марзӣ дигар кӯшиши таҷовуз накунанд. Мо ба онҳо иҷоза намедиҳем,” -- таъкид кард Имонқулов.
Мақомоти Тоҷикистон баръакс Қирғизистонро ба таҷовузи низомӣ ба кишвар муттаҳам мекунанд.
Содиқ Имомӣ гуфтааст, қаблан низ дар минтақаҳои наздимарзӣ барои истифодаи об низоъ сар мезад, вале аз ҷониби сокинони маҳаллӣ ва мақомот дар ҷойи ҳодиса ҳал мешуд.
Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр сарҳад доранд ва беш аз 500 километри он таъину нишонагузорӣ шудаасту бас. Қитъаҳои миёни вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Қирғизистон баҳсбарангез мондаанд.
Дар онҷо деҳаҳо ва хонаҳои мардум ҷойгиранд, ки муайян кардани хатти марзро мушкил мегардонанд. Аксар вақт сокинон ва марзбонони ду кишвар барои дастрасӣ ба обу замин ва ҳамлу нақл ҷанҷол мекунанд.
Дар даргириҳои марзии 14-17-уми сентябри имсол дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ду тараф даҳҳо кас кушта шуданд.