Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тасмим дорад, дар ивази кумак дар мубориза зидди терроризм дар Афғонистон ба Тоҷикистону Узбекистон қариб 50 чархболу ҳавопаймои низомӣ тақдим кунад. Дар ин бора нашрияи Politico бо такя ба манобеи худ хабар медиҳад.
Ба иттилои нашрия, инҳо ҳавопаймову чархболҳои марбут ба ҳукумати пешини Афғонистон ҳастанд, ки баъди ғасби Кобул аз сӯи Толибон дар моҳи августи соли 2021 ба Узбекистону Тоҷикистон оварда шуданд.
Дар ҳоли ҳозир ИМА имкони тақдими чархболу ҳавопаймоҳоро ба Узбекистон Тоҷикистон, дар ивази созиши ғайрирасмӣ барои ҳамкорӣ дар бахши амнияту мубориза бо терроризм, баррасӣ дорад.
Дар ояндаи дарозмуддат созиши ИМА бо ин ду кишвари Осиёи Марказӣ метавонад, табодули иттилоъ ва ё ҷойгирсозии артиш ё ҳавопаймоҳои амрикоиро дар Тоҷикистону Узбекистон дар бар гирад.