Як толибро бо як муҳандиси амрикоӣ табодул карданд

Дар Фурудгоҳи шаҳри Кобули Афғонистон муҳандиси амрикоӣ Марк Фрерихсро бо узви баландмақоми Ҳаракати "Толибон" Башир Нурзай табодул карданд.

Марк Фрерихс, ҷанговари неруҳои дарёии ИМА аст, ки бештар аз 10 сол ба ҳайси муҳандис-мушовир кор карда, борҳо ба Афғонистон омадааст. Вай моҳи феврали соли 2020 дар Афғонистон нопадид шуд. Эҳтимол меравад, ӯро шабакаи Ҳаққонӣ рабудааст. Ин шабака бо Толибон робита дорад. Вашингтон раҳоии Фрерихсро талаб дошт ва ин талаб ба хусус баъди сари қудрат омадани Толибон дар моҳи августи соли 2021 дар Афғонистон афзуд. Моҳи апрели соли 2022 наворе нашр шуд, ки дар он Фрерихс дархости кӯмак мекард.

Хоҳари Фрерихс Шарлин Какора мақомоти ИМА, аз ҷумла президенти он кишвар Ҷо Байденро барои талоши баргардонии бародараш сипосгузорӣ кард.

Фрерихсро бо Башир Нурзай табодул карданд. Нурзайро дар ИМА соли 2005 бо айби талоши қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми 50 миллион доллар зиндонӣ карданд. Вай соли 2009 ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуда буд.

Нурзай баъди раҳоӣ ва расидан ба Афғонистон гуфт, ки 17,5 сол дар зиндони Амрико дар Гуантанамо ва охири маҳбуси толиб дар он ҷо буд.

Ҳаракати "Толибон" дар бисёре аз кишварҳо созмони террористиву тундгаро шинохта шудааст.