Паймони милии Тоҷикистон, як иттиҳоди мухолифини тоҷик дар хориҷи кишвар, бо пахши як баёния ҳукуматҳои Тоҷикистону Қриғизистонро ба роҳ додани низоъ ва марги сокинони бегуноҳ айбдор кардааст.
Дар баёнияи ин Паймон, ки рӯзи 19-уми сентябр нашр шуд, гуфта мешавад, сабаби аслии муноқиша бемасъулиятии ҳукуматҳои ду кишвар аст.
Темур Варқӣ, масъули бахши иттилоотии Паймони милии Тоҷикистон (ПМТ) рӯзи 19-уми сентябр гуфт, созмони онҳо ҳамарӯза ҳаводиси марзро пайгирӣ дорад ва задухӯрдҳои мусаллаҳона байни нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва Қирғизистонро, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ ва моддӣ аз ҳарду ҷониб гашт, шадидан маҳкум менамояд.
Дар ин баёнияи ПМТ ҳарду ҷониб танқид мешаванд, ки “то ин лаҳза манфиатдор барои ҳали ин мушкилот нестанд ва ҳар кадом бо сабабҳое манфиатдор аст, ки ин қазия халношуда боқӣ бимонад, то онро барои амалӣ кардани сиёсатҳои дохилии худ истифода намоянд”.
Назари мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар робита ба ин изҳороти Паймони миллии Тоҷикистон дастрас нест.
Паймони миллии Тоҷикистон роҳи низомии ҳалли баҳси марзиро нодуруст мешуморад ва ба гуфтугӯҳои дипломатии ду тараф таъкид мекунад. Ин созмон аз роҳбарони ду кишвар “қотеъона талаб мекунад, ки ба бозӣ кардан бо тақдир ва таърихи ду миллати бародар хотима бидиҳанд ва ҳарчи зудтар нақшаи роҳи мушаххасро барои ҳалли ин қазия пешниҳод намоянд.”
Паймони Миллӣ ҳамчуни изҳори умедворӣ мекунад, ки нерӯҳо, созмонҳо ва шахсиятҳои солиму масъулиятшиноси қирғиз ҳам талош хоҳанд кард, то пеши роҳи сиёҳкунии миллати тоҷик ва якҷониба айбдор кардани сарбозону афсарони Тоҷикистон дар шабакаҳо ва расонаҳо гирифта шавад.
Дар даргирии ахир дар марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аз ду ҷониб наздик ба сад нафар кушта ва садҳо нафар захмӣ шудаанд. Ҷонибҳо пас аз даргирии чандрӯза оташбас эълон карданд. Ҳарду тараф ҳамдигарро дар сар задани муноқиша айбдор мекунанд.