Украина мегӯяд, ҳавопаймоҳои бесарнишини Эронро пайдо кардааст

Аксе ки мақомоти Украина нашр карданд ва мегӯянд, ки ин ҳавопаймои бесарнишини истеҳсоли Эрон аст.

Мақомоти Украина мегӯянд, ки бори аввал дар ҷанг ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини ҷангии истеҳсоли Эронро дидаанд, ки Русия истифода мекунад.

Неруҳои Украина дар чанд рӯзи ахир маҳаллаҳои зиёдеро аз дасти неруҳои Русия бозпас гирифтаанд. Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина шаби 13-уми август гуфт, ки Украина 4 ҳазор километри мураббаъ хоки бозпасгирифтаи кишварро зери назорати комил дорад ва мекӯшад, вазъи 4 ҳазор километри мураббаъи дигарро ба эътидол дароварад.

Бо вуҷуди пешравии зиёди неруҳои Украина, Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ки онҳоро “роҳи дарозе” дар пеш аст. Рӯзи 14-уми сентябр мақомоти Украина аксеро нашр кард, ки нишон медиҳад, харобаҳои ҳавопаймои бесарнишини Шоҳид-136 тавлиди Эрон аст.

Неруҳои Украина ба ин дрон ва ё паҳбод дар наздикиҳои шаҳри Купянск дучор омадаанд. Чунин ба назар мерасад, ки Шоҳидро неруҳои Украина сарнагун кардаанд ва он ҳангоми суқут натаркидааст. Киев ҷузъиёти дигаре дар бораи ин ҳавопаймо нашр накардааст.