Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфтааст, ки хабари марги Сироҷиддин Мухторов, раҳбари гурӯҳи тундрави “Катиба тавҳид в-ал ҷиҳод” дар Сурияро, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт, таҳқиқ дорад.
Ин Кумита ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки “хабари марги террористро таҳқиқ доранд ва пас аз дақиқ шудан тафсилоти иловагӣ хоҳанд дод.”
Чанд расонаи русӣ ва қирғизӣ бо такя ба гуфтаи Олег Егоров, муовини раиси маркази Русия оид ба оштии тарафҳои даргир дар Сурия, навиштаанд, ки рӯзи 9-уми сентябр Сироҷиддин Мухторов, раҳбари созмони мамнуи “Катиба тавҳид в-ал ҷиҳод”, зодаи Қирғизистон кушта шудааст.
Ба иттилои мақомоти қирғиз, Сироҷиддин Мухторов соли 2013 аз Қирғизистон берун шудааст. Дар Сурия ӯ раҳбарии гурӯҳи ҷангҷӯёнеро бар душ гирифт, ки аз кишварҳои туркзабон гирд омада буданд. Дар гузашта исми чанд узбектабори зодаи Тоҷикистон низ дар робита ба узвият дар ин созмон маълум шуда буд.
Мухторов то берун шудан аз Қирғизистон зери назорати хадамоти махсус қарор дошт, чун дар масҷидҳои ин кишвар пас аз намози ҷумъа даъватҳое мекард, ки хилофи қонунҳои ин кишвар буданд. Хатибони масҷид ба ин амали ӯ эътироз карданд ва аз ӯ даъват намуданд, то кишварро тарк кунад.
КДАМ-и Қирғизистон мегӯяд, Мухторов дар ташкили ҳамлаи террористӣ ба сафоратхонаи Чин дар Бишкек иштирок карда буд. Ду ҳамлагар дар ин ҳодиса аз шиносномаи шаҳрвандони Тоҷикистон истифода карда буданд. Он вақт ҳамлагар кушта шуд ва се корманди сафорат захмӣ шуданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: ВКД: Фирдавсу Зоир узви "Давлати исломӣ" ҳастанд (ВИДЕО)Кумитаи тафтишотии Русия низ таркиш дар метрои Санкт-Петербургро дар соли 2017, ки дар он 16 нафар кушта шуда буд, кори Мухторов дониста буд. Дар ин ҳамла низ мақомоти Русия гуфта буданд, ки Содиқ Ортиқов, як шаҳрванди Тоҷикистон даст дорад. Наздиконаш инро рад карда буданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Таркиш дар метрои Петербург. Содиқ Ортиқов 22 сол гирифт, дигарон аз 19 сол то ҳабси абад