Мақомоти баландпояи Украина гуфтаанд, ки агар ҳама қаламравҳои ишғолшудаи ин кишвар аз ҷониби Русия озод нашавад, бо Маскав музокира нахоҳанд кард.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина ва Алексей Резников, вазири мудофиаи ин кишвар чунин ҳарфро дар як нишасти байналмилалӣ дар Киев гуфтаанд. Макони баргузории ин ҳамоиш махфӣ нигоҳ дошта мешавад.
Зеленский гуфтааст, роҳи озод кардани қаламравҳои ишғолшудаи Украина равшантар мешавад. Ба гуфтаи ӯ, дигар касе пеши роҳи Украинаро гирифта наметавонад. Ӯ гуфтааст, ки се моҳи оянда марҳилаи муҳими ҷанг бо Русия хоҳад шуд, ки барои Украина дар 30 соли истиқлолаш муҳимтарин давра хоҳад буд.
Алексей Резников, вазири мудофиаи Украина дар ин нишаст гуфтааст, ки пешниҳоди музокирот барои сулҳ бо Русияро дигар қабул нахоҳанд кард.
Ӯ гуфтааст, дар нишасти Белорус ва Истамбул дар моҳи март Украина розӣ буд, ки бо пас рафтани Русия аз маконҳои ишғолкардааш пас аз 24-уми феврал онҳо созиши сулҳро имзо кунанд, вале ҳоло дигар чунин нахоҳад шуд.
Ин мақомдори украинӣ гуфтааст, Русия то Қрим ва дигар минтақаҳои ишғолкардаашро тарк накунад, бо ин кишвар гуфтугӯ нахоҳанд кард.
Ин изҳорот дар ҳолест, ки чанд ҳафтаи охир аз пешравии нерӯҳои украинӣ дар хатти ҷабҳаи ҷанг бо Русия хабар мерасад. Ба навиштаи расонаҳо, Украина чанд минтақаи ишғолшударо дар вилоятҳои Херсон ва Харков аз Русия пас гирифтааст.