Лаҳистон ва се кишвари назди Балтика додани визаи Шенгенро ба русиягиҳо бас мекунанд

Акс аз бойгонӣ.

Лаҳистон (Полша) ва се кишвари назди Балтика рӯзи панҷшанбеи 8-уми сентябр эълон карданд, ки "ба сабаби сиёсатҳои умумӣ ва таҳдидҳои амниятӣ", аз рӯзи 19-уми сентябр судури виза ё раводиди муштараки Иттиҳоди Аврупо барои шаҳрвандони Русияро ба таври муваққатӣ бисёр маҳдуд хоҳанд кард.

Нахуствазирҳои Лаҳистон, Эстония, Латвия ва Литва дар баёнияи муштарак аз мавҷи густурдаи вуруди шаҳрвандони Русия ба қаламрави Иттиҳоди Аврупо нигаронӣ карда ва гуфтанд, "мо бовар дорем, ки ин вазъият ба як хатари ҷиддӣ барои амнияти умумии мо ва ҳамаи Иттиҳоди Аврупо мубаддал шудааст".

Дар бахши дигаре аз ин баёния гуфта мешавад, ки ҳар чаҳор кишвар дар мавриди гирифтани як сиёсати ягона дар ин замина ба созиш расидаанд ва ба таври муваққат ҳатто вуруди шаҳрвандони Русия, ки визаи вуруд ба Аврупоро доранд, мамнуъ хоҳанд кард.

Бар пояи ин тасмим, ворид шудани шаҳрвандони Русия, ки "барои сайёҳат, корҳои фарҳангӣ, фаъолиятҳои варзишӣ ва иқтисодӣ", нияти сафар ба қаламрави Иттиҳоди Аврупоро доранд, мамнуъ мешавад.

Мавридҳое монанди "мухолифони ҳукумати Русия, ҳолатҳои башардӯстона ва ё афроде, ки дар кишварҳои аврупоӣ иҷозаи иқомати доимӣ доранд", шомили ин маҳдудиятҳо намешаванд.

Нахуствазирҳои Лаҳистон ва се ҷумҳурии Балтика дар бахши дигаре аз баёнияи худ гуфтаанд, "мо ба таври комил ба ҳимояти худ аз мухолифони ҳукумати Русия идома хоҳем дод ва барои хуруҷ аз кишвар ба онҳо кӯмак мекунем. Вале гашту гузори озод ва бемаҳдудияти шаҳрвандони як кишвари таҷовузгар дар қаламрави Аврупо дар шароите, ки мардуми Украина кушта ва шиканҷа мешаванд, ғайри қобили қабул аст".

Онҳо афзудаанд, ки ба талошҳои худ барои танзими як сиёсати ягона ва ҳамоҳанг бо дигар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо идома медиҳанд.

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар нишасте, ки ҳудуди 10 рӯз пеш дар Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех баргузор карданд, муқаррароти соли 2007 барои сафари осони шаҳрвандони Русия ба Иттиҳоди Аврупоро бекор намуданд, вале дар мавриди бекор кардани судури виза ба созиш нарасиданд.

Аммо Ҷозеф Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфт, кишварҳои ҳаммарзи Русия "дар сатҳи миллӣ метавонанд вуруди шаҳрвандони Русияро маҳдуд кунанд".

Ӯ дар айни ҳол таъкид кард, ки ҳар гуна муқаррароти наве дар ин замина бояд бо қонунҳои сафари озод байни кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо мутобиқ бошад ва фаъолони мадании Русия бояд имкони сафар ба ин иттиҳодияро дошта бошанд.