Вуруди мошинҳоро аз минтақаҳои атроф ба Душанбе маҳдуд кардаанд. ВИДЕО

Акс аз бойгонӣ

Мақомот дар Душанбе "даробаро"-и мошинҳоро аз минтақаҳои атроф ба пойтахт маҳдуд кардаанд. Баъзе аз сокинон мегӯянд, ин вазъ ба кору тиҷорати онҳо халал расонд.

Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, тасмим муваққатист ва ба маъракаҳои бахшида ба 31-умин солгарди истиқлол дар Душанбе пайванд дорад. Ба гуфтаи онҳо, дар чанд кӯчаи пойтахт низ ҳаракати мошинҳо манъ шудааст.

Азизмоҳ Раҷаббекова, сокини Душанбе, мегӯяд, "пиёда мегардем, дигар чӣ кор кунем. Маҷбурем." "Душвор аст, вале аз дасти мо чӣ меояд? Чизе, ки давлат ва қонун муайян кардааст, иваз карда наметавонем," – афзуд мусоҳиби дигари мо.

Баъзе аз сокинон бовар доранд, ин таҷриба дар кишварҳои дигар низ ҳаст ва ҷое барои воҳима надорад. "Ин чизи маъмулист. Ғайричашмдошт нест, набояд мушкил эҷод кунад," – гуфт як ҳамсуҳбати мо.

Наворро инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Роҳҳоро дар Душанбе бастанд, барои омодагӣ ба ҷашн

Мақомот ҳам гуфтанд, эълони маҳдуд шудани ҳаракати мошинҳоро чанд рӯз пеш ба мардум расонда буданд, то ғами худро бихӯранду нақшаи кору сафарашонро бикашанд.

Маъракаи асосии таҷлил аз ҷашни истиқлоли Тоҷикистон дар Душанбе шоми 8-уми сентябр ва бо ифтитоҳи "Маҷмаи Истиқлол" баргузор хоҳад шуд. Ин маҷмааро дар як соли охир ва бо тахриби чанд маҳаллаи бузурге аз пушти Донишгоҳи омӯзгорӣ то “Кохи Ваҳдат” сохтаанд.

Ҳоло маълум нест, ба иҷрои он чӣ қадар пул харҷ шудааст, аммо бисёре аз сокинони пешинаи он маҳал мегӯянд, хонаву дари ободи худро аз даст доданд.

Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 истиқлоли худро аз Шӯравии собиқ эълон кард. Ин давра ба оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар рост омад, ки панҷ сол идома ёфта, даҳҳо ҳазор кушта бар ҷой гузошт. Ҳоло бисёре аз сокинони Тоҷикистон мегӯянд, аз инки кишвар мустақил аст, меболанд, вале ҳанӯз, ки ба истиқлоли иқтисодиву сиёсӣ нарасидааст, нигаронанд.