Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёме бахшида ба 31-умин солгарди истиқлоли кишвар аз мардум хост, дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ба қавли ӯ, фаъолона саҳм гузоранд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин паём дар рӯзи 8-уми сентябр авзои ҷаҳонро печидаву ноором номид ва зоҳиран бо ишора ба ҷанги Русия дар Украина аз бозгашти “ҷанги сард” сухан гуфт.
“Шиддатёбии бархӯрди манфиатҳои геополитикӣ, вазъи нобасомони иқтисоди ҷаҳонӣ, норасоии шадиди озуқаворӣ... ва оғози дигарбораи “ҷанги сард”... моро водор мекунад, ки дар татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ, пеш аз ҳама, ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ... ҳарчи бештар саҳм гузорем,” – гуфт ӯ.
Баъд аз оғози ҷанги бедалели Русия дар Украина, нархи маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон бисёр боло рафт, зеро кишвар худро бо гандум ва орди кофӣ таъмин карда наметавонад.
Мардум низ ҳукуматро дар нотавонӣ барои кумак дар рӯзҳои мушкил танқид мекунанд.