Эътирози фаъолони Қирғизистон зидди сафари ҳунармандони Русия

Филипп Киркоров

Чанде аз фаъолони қирғизистонӣ рӯзи 5-уми сентябр назди бинои Вазорати фарҳанги он кишвар дар робита ба сафари ҳунарии ҳунармандони Русия эътироз карданд.

Фаъолон, ки дар шуморашон Ондуруш Токтоносиров, рӯзноманигор Замир Осоров, роҳбари созмони "Мубориза барои сулҳ" Валерий Булашов ва дигарон буданд, зидди ҳунарнамоии овозхон Филлип Киркоров эътироз карданд. Киркоров гуфта буд, ки "Қрим - пораи Русия аст".

"Мо зидди ҷанг ҳастем. Ва мо зидди омадани овозхонони кишварҳои хушунаткор ба Қирғизистон ҳастем", - гуфт Токтоносиров.

Ҳунарнамоии Филипп Киркоров дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 3-юми ноябри имсол дар назар аст.

Русия ҳамлаи густардаро ба Украина 24-уми феврали соли 2022 шуруъ кард.