Як гузаргоҳи байни Тоҷиикистону Узбекистонро мебанданд

Наздикии марзи Тоҷикистону Узбекистон

Масъулони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфтанд, ки як гузаргоҳ дар марз бо Узбекистон барои 10 шабонарӯз баста мешавад.

Ба иттилои вазорат, равуо тавассути гузаргоҳи Ҷартеппа, ки бо Саразми Панҷакент ҳаммарз аст, аз 5 то 16-уми сентябр баста хоҳад буд.

Аз ин гузаргоҳ шаҳрвандони Тоҷикистон ба Самарқанду Бухоро мераванд.

Мақомот гуфтаанд, тасмим ба хотири баргузории нишасти сарони кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой гирифта шудааст. Нишаст рӯзҳои 15-16-уми сентябр дар Самарқанд хоҳад гузашт.

Фурудгоҳи Самарқанд низ, ки ҳоло баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба воситаи он ба Русия мераванд, низ барои се рӯз баста мешавад.