"Ҳамос" "ҷосусҳои Исроил"-ро қатл кард

"Ҳамос", гуруҳе, ки навори Ғаззаи Фаластинро идора мекунад, дар бораи қатли 5 кас рӯзи 4-уми сентябр хабар дод. Ду нафари онҳо ба ҷосусӣ ба фоидаи Исроил гумонбар буданд.

Аз соли 2017 то кунун бори аввал дар ҳудуди Фаластин ҳукми қатл иҷро шуд. Созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ ин ҳукми қатлро маҳкум ва аз "Ҳамос" хостанд, аз ҳукмҳои қатл даст кашад.

"Ҳамос" номи қатлшудаҳоро ошкор накардааст. Расман се тани онҳо дар куштор айбдор мешуданд. Ду нафар аз қатлшудаҳо 44 ва 54 сол доштанд. ҲАМОС расман дар ин бора ба Исроил хабар додааст. Ҳукумати Исроил аз шарҳи расмӣ худдорӣ варзид.

Маҳмуд Аббос, президенти Фаластин, ҳаққи афв кардани онҳоеро дорад, ки ҳукми қатл гирифтаанд, аммо имкон надорад, навори Ғаззаи таҳти идораи "Ҳамос"-ро ҳам назорат кунад.