Сафири Русия дар СММ гуфт, ин ки ҳеҷ як аз 56 узви тими ҳукумати Русия ба раҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров барои ширкат дар ҷаласаи Маҷмаи кулли СММ дар Ню-Йорк визаи ИМА-ро дарёфт накардааст, “ташвишовар” аст. Василий Небензя дар номае ба унвонии дабири кулли СММ навишт, ки бо назардошти ин ки дар чанд моҳи гузашта чунин раводидро ҳеҷ як узви ҳайате аз Русия барои ширкат дар ҷаласаҳои дигари СММ ҳам дарёфт накардааст, вазъият бештар “ташвишовар” мешавад.
Ӯ гуфт, ки аризаҳои дарёфти визаи амрикоиро барои ширкат дар мулоқотҳои СММ, ки баъди 19 сентябр шурӯъ мешаванд, ба сафорати ИМА дар Маскав супурда шуданд. Сухангӯи СММ дар посух 2-юми сентябр гуфт, ин ниҳод бо кишвари мизбони нишаст дар тамос аст. Феълан дар нақшаи суханрониҳои мақомоти кишварҳо ҷузъиёти марбут ба Русия холӣ ба назар мерасад.
Дар ҳамин ҳол, бино ба нақшаи кори Маҷмаи кулл, ки маъмулан бо ширкат ва суханронии ҳама раҳбарони кишварҳои ҷаҳон ва узви СММ баргузор мешавад, имсол ҳам ширкати президентони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври фосилавӣ ва тавассути наворҳои аз пеш сабтшуда сурат мегирад. Аз ҷумла, суханронии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласа 23-юми сентябр намоиш дода мешавад.